Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Ҳиндустон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи сӯхтори шадид дар яке аз ибодатгоҳҳои Ҳиндустон ба сарвазири ин кишвар Нарендра Модӣ барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки «хабари нохуши ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани садҳо шаҳрвандони Ҳиндустони дӯстро бар асари сӯхтори шадид […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи сӯхтори шадид дар яке аз ибодатгоҳҳои Ҳиндустон ба сарвазири ин кишвар Нарендра Модӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки «хабари нохуши ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани садҳо шаҳрвандони Ҳиндустони дӯстро бар асари сӯхтори шадид дар яке аз ибодатгоҳҳои аёлати Керала дар Ҷанубу ғарби кишвар бо андӯҳи бузург дарёфтам».

«Дар робита ба ин фоҷеаи вазнин ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем», – изҳори ҳамдардӣ мешавад дар барқия.

Қобили зикр аст, ки бар асари сӯхтори рӯзи 10 апрел дар ин ибодатгоҳ беш аз 100 нафар ҳалок ва боз 350 тани дигар ҷароҳат бардошта, шумори осебдидагон дар ҳоли афзоиш аст. Бинои ибодатгоҳ пурра хароб шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.