Таваҷчуҳи ширкатҳои Русия ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон

Беш аз 200 ширкати саноати хӯрокворӣ ва савдои яклухту чаканаи Русия ба имзои қарордодҳои мустақим бо корхонаҳои Тоҷикистон омодагӣ изҳор намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), раиси Палата Шариф Саид дар ин робита гуфтааст, айни замон ҷиҳати интиқоли мустақими маҳсулот ба Русия бо соҳибкорони минтақаҳои Русия гуфтушунидҳо ҷараён […]

ASIA-Plus



Беш аз 200 ширкати саноати хӯрокворӣ ва савдои яклухту чаканаи Русия ба имзои қарордодҳои мустақим бо корхонаҳои Тоҷикистон омодагӣ изҳор намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), раиси Палата Шариф Саид дар ин робита гуфтааст, айни замон ҷиҳати интиқоли мустақими маҳсулот ба Русия бо соҳибкорони минтақаҳои Русия гуфтушунидҳо ҷараён доранд. «Дар аксари боғу токзорҳои Тоҷикистон маҳсулоти содиротие парвариш карда мешаванд, ки дар хориҷи кишвар талабгорони зиёд доранд», – иброз доштааст ӯ.

Шариф Саид қайд кардааст, ки аз ҳисоби ҷалби фермерони хусусӣ, Тоҷикистон содироти сабзавоту мева танҳо ба Русияро панҷ маротиба зиёд карда метавонад. «Барои афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содироти сабзавоту мева заминаи зарарӣ мавҷуд аст», – таъкид доштааст раиси ПСС Тоҷикистон.

Ба гуфтаи раиси Палата, ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Русия имконоти хеле густурда ва сатҳи баландро касб кардаанд. «Айни замон 75 субъекти Русия дар ҳамкории мустақими тиҷоративу иқтисодӣ бо Тоҷикистон саҳм дошта, дар ин самт созишномаҳои дахлдор ба имзо расонидаанд», – қайд кардааст Ш.Саид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.