Мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир дар Дарвоз

Кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Дарвози Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Дарвоз”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ қариб 14 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти АНМН, дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шоҳроҳи Қалайхумб-Хоруғ дар мавзеи Ғармхоҳи деҳаи Хустави ноҳияи Дарвоз […]

ASIA-Plus



Кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Дарвози Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Дарвоз”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ қариб 14 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти АНМН, дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шоҳроҳи Қалайхумб-Хоруғ дар мавзеи Ғармхоҳи деҳаи Хустави ноҳияи Дарвоз як нафар сокини 26-солаи ноҳияи Дарвоз ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дастгиршуда ду адад борхалта дарёфт гардид, ки дар дохили яке аз онҳо 13 дона бастаи селофанӣ бо маводи хамирмонанд ва дар дохили борхалтаи дигар ду адад баста бо маводи хокамонанд мавҷуд буд.

Мутобиқи хулосаи Шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ маводҳои мусодирагардида афюн ба миқдори 12 кг 348 гр ва героин ба миқдори 1 кг 522 гр мебошад. Вазни умумии маводи нашъаовари мусодирагардида 13 кг 870 граммро ташкил менамояд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 200 қ. 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ё моддаи психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми махсусан калон”) оғоз карда шудааст. Дастгиршуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуд.

Айни ҳол чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишотӣ оид ба муайян намудани ҳолати кор ва муқаррар намудани шахсиятҳое, ки ба ҷинояти мазкур ҳамдастӣ доранд, гузаронида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.