Воҳидова: Даъвои раиси Иттиҳоди адвокатҳо қонеъ намешавад



– Нисбати раиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон Саидбек Нуриддинов, ки аз болои қарори комиссияи тахассусии Вазорати адлия ба суд шикоят кард, мутобиқи моддаи 12-и қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо назардошти тағйирот ба он қарор содир шудааст, чунки 18 сол пеш ӯ барои қонуншиканӣ аз мансаби судягӣ барканор шуда буд, – изҳор дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» адвокат Файзинисо Воҳидова.

Ӯ хотиррасон намуд, ки мутобиқи моддаи 12-и қонуни зикршуда шахси аз мақомоти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои қонуншиканӣ аз мансаб барканоршуда ё худ шахси қаблан судшуда ҳуқуқ надорад, ки ба фаъолияти адвокатӣ машғул шавад.

«Ин як сафсатаест, ки мувофиқи қонун ба ӯ гирифтани мақоми адвокат манъ шудааст ва ин қонун ҳуқуқи ӯ ба корро поймол мекунад, яъне ин ҷо далели возеҳи мухолифати қонуни мазкур ба Конститутсия вуҷуд дорад, ки дар он давлат ба ҳамаи шаҳрвандони худ ҳуқуқ ба меҳнатро кафолат медиҳад. Вале маҳрум кардани ӯ аз мақоми адвокат аз ҷониби комиссияи тахассусии Вазорати адлия дар ин ҳолат қонунӣ аст, зеро ин меъёр дар моддаи 12-и қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дарҷ ёфтааст», – гуфт ӯ.

Адвокат бар ин назар аст, ки дар навбати аввал С.Нуриддинов мебоист ба Суди конститутсионӣ дар бораи ҷой доштани мухолифати қонун бо Конститутсия муроҷиат мекард, на ба қарори комиссияи Ваззорати адлия.

«Комиссияи тахассусии Вазорати адлия қарори дигар қабул карда наметавонист, зеро ин талаботи қонун аст. Ба ман нофаҳмост, ки чаро раиси Иттиҳоди адвокатҳо аз болои қарори комиссияи тахассусӣ шикоят бурд, на ба худи қонун. Бечуну чаро даъвои ӯ қонеъ намешавад, чунки суд ба моддаи 12-и ин қонун такя хоҳад кард. Аз ин рӯ, ман чунин мешуморам, ки адвокатҳо бояд ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намоянд, то ки қонунро ба Конститутсия, Кодексҳои ҷиноӣ ва меҳнат мутобиқ созанд», – қайд кард Воҳидова.

Ёдрас мекунем, ки Вазорати адлияи Тоҷикистон роҳбари Иттиҳоди адвокатҳои ҷумҳурӣ Саидбек Нуриддиновро аз мақоми адвокатӣ маҳрум карда, баъди ин ӯ ба суд муроҷиат намуд. С.Нуриддинов эътироз дорад, ки комиссияи Вазорати адлия ӯро беасос ва ғайриқонунӣ аз фаъолияти адвокатӣ маҳрум кардааст.

Саидбек Нуриддинов дар ин робита изҳор намуд, ки имтиҳонгирандагон бидуни ҳеҷ асосе ӯро аз фаъолияти адвокатӣ маҳрум сохта, акнун ӯ бо собиқаи кории 18-солаи адвокатӣ маҷбур аст, ки ин қарори комиссияи тахассусиро ба баҳс кашад.

spot_imgspot_img

Популярное