«Истиқлол» аз роҳхат ба даври дигари Ҷоми КФО маҳрум шуд

Дар вохӯрии даври чоруми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016  қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дастаи футболи «Истиқлол» дар бозӣ бо тими «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ дар майдони худ бо ҳисоби 0 бар 1 ба шикасти навбатӣ дучор шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», тӯби ягонаро дар ин бозӣ меҳмонон дар дақиқаи 90+2 ба ҳадаф […]

ASIA-Plus



Дар вохӯрии даври чоруми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016  қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дастаи футболи «Истиқлол» дар бозӣ бо тими «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ дар майдони худ бо ҳисоби 0 бар 1 ба шикасти навбатӣ дучор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», тӯби ягонаро дар ин бозӣ меҳмонон дар дақиқаи 90+2 ба ҳадаф расонидаанд.

Баъди ин шикаст дастаи «Истиқлол» дигар тамоми имконоти раҳёбӣ ба марҳилаи дигари Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016-ро аз даст дод.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи «В» пас аз чор давр дастаи «Истиқлол» бо 1 имтиёз (1 мусовӣ ва 3 бохт) зинаи охирини чорумро ишғол намуда, ҳатто дар сурати пирӯзӣ дар ду давари боқимонда низ ба роҳхат ба даври дигари мусобиқа соҳиб намешавад.

Дар

гурӯҳи «В»

зинаи аввалро бо 9 имтиёз – «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, зинаи дуюмро бо 8 имтиёз – «Ал-Файсалӣ»-и Ӯрдун ва мақоми сеюмро бо 4 имтиёз тими «Триполи»-и Лубнон ишғол мекунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.