Раиси пойтахт мансабдоронро аз сабукдӯшӣ ҳушдор дод

Барои бемасъулияти зоҳир намудан зимни иҷрои вазифаҳои худ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба муҷозоти интизомӣ нисбати чанде аз мансабдорони ҳукумати пойтахт амр содир намуд. Бино ба иттилои сомонаи мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо амри раиси шаҳри Душанбе ба Алиев Абдулҳақ Абдулҳайевич  – директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»  муҷозоти интизомӣ – танбеҳ эълон карда шудааст. […]

ASIA-Plus



Барои бемасъулияти зоҳир намудан зимни иҷрои вазифаҳои худ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба муҷозоти интизомӣ нисбати чанде аз мансабдорони ҳукумати пойтахт амр содир намуд.

Бино ба иттилои сомонаи мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо амри раиси шаҳри Душанбе ба Алиев Абдулҳақ Абдулҳайевич  – директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»  муҷозоти интизомӣ – танбеҳ эълон карда шудааст.

Дар амри раиси пойтахт огоҳонида шавад,  ки дар мавриди такрори чунин муносибат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ нисбати  номбурда  чораҳои  то  озод намудан  аз вазифаи ишғолнамудааш  андешида мешавад.

Ҳамчунин бо инобати мактуби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ ба Назруллоҳи Муҳаммадюсуф  – мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҳукумати шаҳр бинобар зоҳир намудани бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муҷозоти интизомӣ – сарзаниш эълон карда шудааст.

Мансабдори зикршуда низ огоҳонида шудааст,  ки дар мавриди такрори чунин муносибат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ нисбаташ чораҳои то озод намудан аз мансаби ишғолнамудааш  андешида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.