Таҷлили бошукӯҳи ҷашни бостонии Наврӯз дар Голландия

Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Конуни фарҳангии тоҷикон ва форсизабонони Нидерланд ба номи Рудакӣ дар шаҳри Алмери Голландия таҷлили бошуқӯҳи ҷашни бостонии Наврӯз баргузор шуд. Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Белгия иттилоъ доданд, интихоби макон ва вақти баргузории тантанаҳои наврӯзӣ бо дар назардошти ҳаводиси ахир дар ин минтақаи Аврупо сурат гирифт. […]

Иттилоияи расмӣ



Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Конуни фарҳангии тоҷикон ва форсизабонони Нидерланд ба номи Рудакӣ дар шаҳри Алмери Голландия таҷлили бошуқӯҳи ҷашни бостонии Наврӯз баргузор шуд.

Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Белгия иттилоъ доданд, интихоби макон ва вақти баргузории тантанаҳои наврӯзӣ бо дар назардошти ҳаводиси ахир дар ин минтақаи Аврупо сурат гирифт. Ба ин муносибат дар маросими дар ин шаҳраки наздикии Амстердам сурат гирифта зиёда аз дусад нафар тоҷикони бурунмарзӣ ва намояндагони мардуми форсизабон аз Эрону Афғонистон, ки ҳоло дар Белгия, Нидерланд, Люксембург, Олмон ва бархе аз кишварҳои дигаре Аврупо сукунат доранд, ширкат варзиданд.               

Таҷлили Наврӯз тавъам бо Ҳамоиши густурда таҳти шиори “Фарҳанги мо меҳвари ҳамбастагии мост” буд, ки зимни он аҳли илму фарҳанг, шоирон ва нависандагони форсизабони муқими Аврупо дар масоили умдаи ҳаёти имрузи башарият, нақши фарҳангу адаб дар раванди рӯёрӯӣ бо хатару таҳдидҳо ва чолишҳои муосир, масоили зарурати ваҳдати бештари ҳавзаи форсизабонон ва нақши Тоҷикистон дар ин тамоюлот суханронӣ карданд.   

Ҳамоишро Раиси Конуни Рудакӣ Абдуғаффор Сафаров ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ҳайра мақдам гуфт ва зарурати ҳамкории бештари форсизабонони муқими Аврупоро таъкид кард. Зимни суханрониҳои хеш доктор Наҷибуллои Масир  ва Муҳаммадбашири Азизӣ – аз фаъолони ҷомеаи форсизабонон (Афғонистон) ва роҳбарони Конун – пиромуни масоили умдаи ҳамкорию ҳамбастагӣ ибрози назар намуда, нақши бориз ва пешбарандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро дар ин раванд зикр намуданд ва аҳаммияти осори раҳбари кишвари мо, аз ҷумла, “Тоҷикон дар оинаи таърих”-ро ба вижа таъкид карданд. Зимнан намунаи бунёдкориву созандагиҳои Тоҷикистон ва манбаи илҳоми аҳли адаб будани онҳо дар маркази таваҷҷуҳи ширкаткунандагони Ҳамоиш буд.

Шоирон Ҳумайрои Накҳат ва Мирзо Аскарии Монӣ муҳтаво ва танзими шоистаи Ҳамоиши ба наздикӣ дар Душанбе баргузор гардидаи аҳли адаби ҳавзаи Наврӯзро сутуда, ташкили мураттаб ва даврии онро дар пешбурди масоили мавриди баррасӣ ва боло бурдани нақши Тоҷикистон мувофиқи мақсад донистанд.             

Суханронии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикисон дар Белгия Эркинхон Раҳмутуллозода фарогири шарҳу  тавзеҳи мавқеи созандаи Тоҷикистон дар ҳаллу фасли мушкилоти аср, таъмини ҳамкориҳои бештар бо ҷомеаи байналмилалӣ ва зарурати ваҳдату таваҷҷӯҳи бештари форсизабонон ба масоили муосири ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ буд. Бори дигар таъкид гардид, ки Тоҷикистон мисли пештара ҷонибдори муколамаю мадоро бо тамоми қисматҳои аҳли башар буда, гуфтугуи тамаддунҳо ва ҳамбастагии онҳо дар ин раванд нақши меҳварӣ дорад.                                                                                     

Базми ҷамшедии Наврӯзи оламафрӯзро дар маркази Аврупо ашъори қироатнамудаи Шоири Халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева ва таронаҳои наврӯзии ҳунармандони маъруф Давлатманд Холов ва Парвина Юсуфӣ, ки меҳмони Конуни фарҳангии Рудакӣ буданд, зеб доданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?