Барои бемасъулияти зоҳир намудан зимни иҷрои вазифаҳои худ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба муҷозоти интизомӣ нисбати чанде аз мансабдорони ҳукумати пойтахт амр содир намуд.
Бино ба иттилои сомонаи мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо амри раиси шаҳри Душанбе ба Алиев Абдулҳақ Абдулҳайевич – директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» муҷозоти интизомӣ – танбеҳ эълон карда шудааст.
Дар амри раиси пойтахт огоҳонида шавад, ки дар мавриди такрори чунин муносибат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ нисбати номбурда чораҳои то озод намудан аз вазифаи ишғолнамудааш андешида мешавад.
Ҳамчунин бо инобати мактуби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ ба Назруллоҳи Муҳаммадюсуф – мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҳукумати шаҳр бинобар зоҳир намудани бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муҷозоти интизомӣ – сарзаниш эълон карда шудааст.
Мансабдори зикршуда низ огоҳонида шудааст, ки дар мавриди такрори чунин муносибат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ нисбаташ чораҳои то озод намудан аз мансаби ишғолнамудааш андешида мешавад.



