БМТ 5 ташкилоти қарзии хурдро муттаҳид кард



Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) мутобиқи талаботи қонуни кишвар «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва бинобар иҷро карда натавонистани талаботи дастурамал «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд», барои азнавташкилдиҳӣ бо роҳи ҳамроҳшавии ҶДММ ТҚХ “Рушди Помир”, ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ “Шурообод” ба дархости онҳо розигӣ дода шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар робита ба ин, иҷозатномаҳои ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ “Шурообод”, ки аз ҷониби БМТ барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудаанд, бозхонд карда мешаванд.

ҶДММ ТҚХ “Рушди Помир” уҳдадор карда шудааст, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ дар мақомоти масъул нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллӣ пешниҳод намояд.

Тибқи қарори мазкур ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ “Шурообод”аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное