БМТ 5 ташкилоти қарзии хурдро муттаҳид кард

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) мутобиқи талаботи қонуни кишвар «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва бинобар иҷро карда натавонистани талаботи дастурамал «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд», барои азнавташкилдиҳӣ бо роҳи ҳамроҳшавии ҶДММ ТҚХ “Рушди Помир”, ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ “Шурообод” ба […]

ASIA-Plus



Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) мутобиқи талаботи қонуни кишвар «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва бинобар иҷро карда натавонистани талаботи дастурамал «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд», барои азнавташкилдиҳӣ бо роҳи ҳамроҳшавии ҶДММ ТҚХ “Рушди Помир”, ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ “Шурообод” ба дархости онҳо розигӣ дода шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар робита ба ин, иҷозатномаҳои ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ “Шурообод”, ки аз ҷониби БМТ барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудаанд, бозхонд карда мешаванд.

ҶДММ ТҚХ “Рушди Помир” уҳдадор карда шудааст, ки пас аз бақайдгирии давлатии азнавташкилдиҳӣ дар мақомоти масъул нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ва санадҳои тасдиқшудаи ташкилотро ба Бонки миллӣ пешниҳод намояд.

Тибқи қарори мазкур ҶДММ ТҚХ “Ишкошим”, ҶДММ ТҚХ “Рушди Дарвоз”, ҶДММ ТҚХ “Аврангзеб” ва ҶДММ ТҚХ “Шурообод”аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.