Спитамен Бонк: Дар роҳи мувофиқати беҳтари маҳсулот ва бозори хизматрасонии молиявӣ

Дар гузашта, таъминкунандаҳои хизматрасониҳои молиявӣ кӯшиш менамуданд, хизматгузориҳои стандартии молиявиро мувофиқи тақозои бозорҳо тағйир диҳанд. Ин бисёр вақт ба он меовард, ки зӯр мезанад, пайвандаки чоркунҷаро ба сурохии мудаввар шинонанд. Чи роҳе барои коркарди маҳсулоти аз нигоҳи иқтисодӣ самаранок, ки  ба инфрасохтори гуногуни бозорҳо ва қоидаҳои махсуси давлатҳои ҷудогона ҳассос бошад? Ин ва дигар масоил […]

Иттилоияи расмӣ



Дар гузашта, таъминкунандаҳои хизматрасониҳои молиявӣ кӯшиш менамуданд, хизматгузориҳои стандартии молиявиро мувофиқи тақозои бозорҳо тағйир диҳанд. Ин бисёр вақт ба он меовард, ки зӯр мезанад, пайвандаки чоркунҷаро ба сурохии мудаввар шинонанд. Чи роҳе барои коркарди маҳсулоти аз нигоҳи иқтисодӣ самаранок, ки  ба инфрасохтори гуногуни бозорҳо ва қоидаҳои махсуси давлатҳои ҷудогона ҳассос бошад?

Ин ва дигар масоил дар форуми доир ба навгониҳои соҳаи пардохт ва хизматрасониҳои молиявии Money20-20 Europe, ки аз 4 то 7 апрели соли равон дар пойтахти Дания шаҳри Копенгаген гузашт, муҳокима гардиданд.

ҶСП “Спитамен Бонк” низ дар ин форуми навоварҳо ширкат варзид – Раиси Раёсати Бонк Петер Фабиан модератори сессияе, ки ба роҳҳои беҳтари мувофиқакунии маҳсулот ва бозорҳои хизматгузориҳои молиявӣ бахшида шуда буд, интихоб гардид. Ба ғайр аз Петер Фабиан, дар сессия ба сифати нотиқон Исмоил Аҳмад (муассиси WorldRemit), Пер Боск (сардори Retail Network, Societe Generale), Ҷон Луис Каррара (менеҷери генералии Mozido, Europe) ва Рик Вагнер (роҳбари Advanced Payment Solutions) иштирок карданд.

Дар сессия масъалаҳои монанди методҳои инноватсионии ҳамгироии иҷтисодӣ, технологияҳои нави соҳаи пардохтӣ ва роҳҳои татбиқи онҳо ба бозорҳои пештар талаботи паст доштаи табақаҳои аҳолии камдаромад, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ташкилкунандагони форум бар он ақидаанд, ки чорабинии мазкур пешвоёни соҳаи хизматгузории молиявиро гирд оварда, ҳамчун катализатори рушди низомҳои пардохтӣ хизмат хоҳад кард. Money20-20 Europe ташкилкунандаи ҷаласаҳои бузургтарини дунё бо иштироки мутахассисони навъовари соҳаи пардохтҳо ва хизматгузориҳои молиявие, ки бо технологияҳои мобиливу информатсионӣ, савдои чакана, хизматгузориҳои бозоршиносӣ мутааллиқанд, мебошад.

Ҷамъомадҳои Money20-20 Europe аз падидаҳои камёбе мебошанд: дар он роҳбарони ширкатҳои давлатҳои гуногун иштирок менамоянд, ки қарорҳои онҳо ба тамоми соҳа таъсир мебахшанд. Дар чорабинии гузашта масъалаҳои муҳимтарине, ки аҳамияти минтақавию байналмиллалии тиҷоратӣ доранд, аз ҷумла савдои чакана, хизматрасониҳои мобилӣ, хизматгузориҳои бозоршиносӣ, технологияҳои информатсионӣ, муҳокима гаштанд. Ба аудиторияи форум ҳазорон саҳмдорони ташкилотҳои аз бузургтарин то навташкил, инчунин савдогарон, сармоягузорон, таҳлилгарон, ВАО, танзимгарон ва ғ. дохил мешаванд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 400 нотиқ ва 4000 нафар иштирокчӣ аз давлатҳои гуногун ҳузур доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.