Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо коршиноси байналмилалии Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид (БРСММ) Чарлз Келли дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ҳукумати ҷумҳурӣ, дар оғози вохӯрӣ нисбати иштироки созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои мадарасон дар расонидани кумаки башардӯстона ба шаҳру навоҳии аз офати табиӣ осебдидаи Тоҷикистон қаноатмандӣ изҳор гардид.
Таъкид шуд, ки коршинсони байнулмилаии БРСММ ният доранд, ки дар ҳамдастӣ бо сохторҳои марбутаи ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми воқеъии зиён аз офати табиӣ ба бахши хоҷагидории шаҳру навоҳии кишварро баҳогузорӣ ва муайян намуда, лоиҳаҳои тамоми иншооти осебдидаро ба баррасии дигар созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои мададрасон пешниҳод намоянд.
Азим Иброҳим идомаи ҳамкорӣ бо ин тартибот дар ин самтро барои беҳбуди сатҳи хизматгузорӣ ва нигаҳдориву истифодаи зербинои иншооти аз офат осебидаи шаҳру навоҳии кишвар муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.





