Шиносоии Ш.Зуҳуров бо омодагии сафорати Тоҷикистон дар Русия ба раъйпурсӣ



Дар доираи сафари корӣ ба Русия раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 21 апрел дар шаҳри Маскав бо намояндагони корпуси дипломатии Тоҷикистон дар Русия ва ҳамчунин роҳбарони намояндагиҳои вазорату идораҳои кишвар, ки дар Русия машғули коранд, дидору гуфтушунид кард.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Маскав ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ масоили марбут ба омодагӣ ва баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ, ки ба санаи 22 майи соли равон таъин шудааст, баррасӣ шуданд.

Зимни вохӯрӣ сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов изҳор доштааст, ки намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани раъйпурсӣ ва таъмини ҳузури шаҳрвандони муваққатан дар қаламрави Русия қарордоштаи ҷумҳурӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамаҷониба тадбирҳо меандешад.

Қайд карда шуд, ки дар робита ба ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ газетаи «Тоҷикони Русия» бо теъдоди 50 ҳазор нусха нашр ва миёни ҳамватанони муқими Русия тақсим шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар фарҷоми вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров ба саволҳои сершумори ҳозирин посух гуфтааст.

spot_imgspot_img

Популярное