Маҳдудиятҳои ҳаракати нақлиёт дар пойтахт бинобар сафари президент ба Ёвон

Рӯзи 22 апрел сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон оғоз мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти умумӣ барои 640 нафар толибилмон ширкат меварзад. Ин муассисаи таълимӣ бо харҷи 15 млн. […]

ASIA-Plus



Рӯзи 22 апрел сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон оғоз мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти умумӣ барои 640 нафар толибилмон ширкат меварзад. Ин муассисаи таълимӣ бо харҷи 15 млн. сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст.

Дар ноҳияи Ёвон президент ҳамчунин дар маросими ба фаъолият шурӯъ намудани кӯдакистони нав ва корхонаи истеҳсоли гипсокартон, ки аз ҷониби ширкати Тоҷикистону Чин бунёд ёфтааст, низ ҳузур хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ, баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни сафари кории Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон, рӯзи 22 апрели соли равон аз соати 07:30 то 08:30-дақиқа ва аз соати 14:30 то 15:30-дақиқа дар  кӯчаҳои  Шероз, Шевченко, Қаҳҳоров хиёбони Саъдии Шерозӣ то Неъмат Қарабоеви пойтахт, роҳи автомобилгарди Душанбе-Ёвон то деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон дар ҳолатҳои зарурӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Гуфта мешавад, ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд аз хиёбонҳои Рудакӣ, Сомонӣ, Сино, кӯчаҳои Карамов, Неъмат Қарабоев, Мастонгулов ва Ҷаббор Расулов истифода баранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.