Шиносоии Ш.Зуҳуров бо омодагии сафорати Тоҷикистон дар Русия ба раъйпурсӣ

Дар доираи сафари корӣ ба Русия раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 21 апрел дар шаҳри Маскав бо намояндагони корпуси дипломатии Тоҷикистон дар Русия ва ҳамчунин роҳбарони намояндагиҳои вазорату идораҳои кишвар, ки дар Русия машғули коранд, дидору гуфтушунид кард. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Маскав ба «Азия-Плюс» […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари корӣ ба Русия раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 21 апрел дар шаҳри Маскав бо намояндагони корпуси дипломатии Тоҷикистон дар Русия ва ҳамчунин роҳбарони намояндагиҳои вазорату идораҳои кишвар, ки дар Русия машғули коранд, дидору гуфтушунид кард.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Маскав ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ масоили марбут ба омодагӣ ва баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ, ки ба санаи 22 майи соли равон таъин шудааст, баррасӣ шуданд.

Зимни вохӯрӣ сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов изҳор доштааст, ки намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани раъйпурсӣ ва таъмини ҳузури шаҳрвандони муваққатан дар қаламрави Русия қарордоштаи ҷумҳурӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳамаҷониба тадбирҳо меандешад.

Қайд карда шуд, ки дар робита ба ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ газетаи «Тоҷикони Русия» бо теъдоди 50 ҳазор нусха нашр ва миёни ҳамватанони муқими Русия тақсим шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар фарҷоми вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров ба саволҳои сершумори ҳозирин посух гуфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.