Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ 62% иҷро шуд

То имрӯз 6 ноҳия ва 2 шаҳр нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро иҷро карданд. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон иҷрои нақшаи даъват дар ВМКБ – 75%, вилояти Хатлон – 72%, вилояти Суғд – 61%, ноҳияҳои тобеи […]

ASIA-Plus



То имрӯз 6 ноҳия ва 2 шаҳр нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро иҷро карданд.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон иҷрои нақшаи даъват дар ВМКБ – 75%, вилояти Хатлон – 72%, вилояти Суғд – 61%, ноҳияҳои тобеи марказ – 57% ва шаҳри Душанбе – 38%-ро ташкил дода, дар саросари ҷумҳурӣ иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба 62% расидааст.

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Мебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.