Тоҷики зинда дар Волгоград гӯронида бо корд захмӣ шудааст

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро, ки дар ҷашни зодрӯзаш дар шаҳри Волгогради Русия зинда ба зинда гӯронида буданд, бо корд захмӣ кардаанд. Тавре ба «Азия-Плюс» Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат дар ин робита иттилоъ дод, имрӯз 21, апрел бояд ташхиси судӣ ба анҷом расад, ки сабаби марги Усмоналӣ Файзалиев, сокини шаҳри […]

ASIA-Plus



Сафорати Тоҷикистон дар Маскав иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро, ки дар ҷашни зодрӯзаш дар шаҳри Волгогради Русия зинда ба зинда гӯронида буданд, бо корд захмӣ кардаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат дар ин робита иттилоъ дод, имрӯз 21, апрел бояд ташхиси судӣ ба анҷом расад, ки сабаби марги Усмоналӣ Файзалиев, сокини шаҳри Ваҳдатро муайян хоҳад кард.

Зимнан зикр гардид, ки сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳамроҳ бо намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо гурӯҳи тафтишотии машғул ба таҳқиқи ин ҳодиса вохӯрдаанд.

Ёдрас мекунем, ки Кумитаи тафтишоти вилояти Волгогради Русия аз рӯи далели

куштори шаҳрванди Тоҷикистон

дар ҷашни зодрӯзаш парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Гуфта мешуд, мардро дӯстонаш зинда ба зинда гӯронидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.