Сафорати Тоҷикистон дар Маскав иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро, ки дар ҷашни зодрӯзаш дар шаҳри Волгогради Русия зинда ба зинда гӯронида буданд, бо корд захмӣ кардаанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорат дар ин робита иттилоъ дод, имрӯз 21, апрел бояд ташхиси судӣ ба анҷом расад, ки сабаби марги Усмоналӣ Файзалиев, сокини шаҳри Ваҳдатро муайян хоҳад кард.
Зимнан зикр гардид, ки сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳамроҳ бо намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо гурӯҳи тафтишотии машғул ба таҳқиқи ин ҳодиса вохӯрдаанд.
Ёдрас мекунем, ки Кумитаи тафтишоти вилояти Волгогради Русия аз рӯи далели
куштори шаҳрванди Тоҷикистон
дар ҷашни зодрӯзаш парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Гуфта мешуд, мардро дӯстонаш зинда ба зинда гӯронидаанд.





