Афзоиши истеҳсолу содироти алюминий дар ТАЛКО



Дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2015 давоми се моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон зиёда аз 5,5 ҳазор тонна афзуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) хабар доданд, тӯли 3 моҳи соли ҷорӣ дар корхона беш аз 37,7 ҳазор тонна алюминийи аввалия (3 моҳи аввали соли гузашта – 32,1 ҳазор тонна) истеҳсол шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон ҳаҷми содироти маҳсулот низ афзуда, нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта ҳаҷми содироти алюминийи аввалия ба миқдори 11 ҳазор тонна ё худ ба андозаи 43,8% зиёд шудааст.

Агар давоми моҳҳои январ-марти соли 2015 аз корхона ба миқдори 25,1 ҳазор тонна маҳсулот содирот шуда бошад, пас дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 36,1 ҳазор тонна расидааст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта ТАЛКО ба тамоили ҳафтсолаи коҳиши ҳаҷми истеҳсол хотима бахшида, ба афзоиши истеҳсоли он шурӯъ кард.

Соли 2015 корхона 139 ҳазор тонна алюминийи аввалия истеҳсол кард, ки нисбат ба соли 2014 ба миқдори 12 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Соли гузашта ҳаҷми содироти алюминий қариб 131 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 ба миқдори 6 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ТАЛКО, дар партави афзоиши талабот ба маҳсулоти ашёи хом ва ҷараёни мусбати нарх ба нафт дар бозорҳои ҷаҳон, арзиши алюминий низ майли болоравӣ касб кардааст.

spot_imgspot_img

Популярное