Афзоиши истеҳсолу содироти алюминий дар ТАЛКО

Дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2015 давоми се моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон зиёда аз 5,5 ҳазор тонна афзуд. Тавре аз хадамоти матбуоти «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) хабар доданд, тӯли 3 моҳи соли ҷорӣ дар корхона беш аз 37,7 ҳазор тонна алюминийи аввалия (3 моҳи аввали соли гузашта – 32,1 […]

ASIA-Plus



Дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2015 давоми се моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон зиёда аз 5,5 ҳазор тонна афзуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) хабар доданд, тӯли 3 моҳи соли ҷорӣ дар корхона беш аз 37,7 ҳазор тонна алюминийи аввалия (3 моҳи аввали соли гузашта – 32,1 ҳазор тонна) истеҳсол шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон ҳаҷми содироти маҳсулот низ афзуда, нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта ҳаҷми содироти алюминийи аввалия ба миқдори 11 ҳазор тонна ё худ ба андозаи 43,8% зиёд шудааст.

Агар давоми моҳҳои январ-марти соли 2015 аз корхона ба миқдори 25,1 ҳазор тонна маҳсулот содирот шуда бошад, пас дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 36,1 ҳазор тонна расидааст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта ТАЛКО ба тамоили ҳафтсолаи коҳиши ҳаҷми истеҳсол хотима бахшида, ба афзоиши истеҳсоли он шурӯъ кард.

Соли 2015 корхона 139 ҳазор тонна алюминийи аввалия истеҳсол кард, ки нисбат ба соли 2014 ба миқдори 12 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Соли гузашта ҳаҷми содироти алюминий қариб 131 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2014 ба миқдори 6 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ТАЛКО, дар партави афзоиши талабот ба маҳсулоти ашёи хом ва ҷараёни мусбати нарх ба нафт дар бозорҳои ҷаҳон, арзиши алюминий низ майли болоравӣ касб кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.