Осеби гелоси Ҳисор аз боронҳои пайдарпай (Аксҳо)

Боғдорони водии Ҳисор, аз ҷумла кишоварзони ноҳияҳои Шаҳринаву Турсунзода аз осеби зиёди боронҳои пайдарпай ба дарахтони мевадор дар ташвишанд. Яке аз фермерон дар ин робита гуфт, обуҳавои номусоид ба дарахтон дар баъзе боғҳо зиёни зиёд расонида, ин ба ҳосилнокӣ таъсири манфӣ мерасонад. «Аз ҳама бештар дарахтони гелос осеб дида, акнун имсол аз он ҳосили хубро […]

Сайфиддин Қараев



Боғдорони водии Ҳисор, аз ҷумла кишоварзони ноҳияҳои Шаҳринаву Турсунзода аз осеби зиёди боронҳои пайдарпай ба дарахтони мевадор дар ташвишанд.

Яке аз фермерон дар ин робита гуфт, обуҳавои номусоид ба дарахтон дар баъзе боғҳо зиёни зиёд расонида, ин ба ҳосилнокӣ таъсири манфӣ мерасонад. «Аз ҳама бештар дарахтони гелос осеб дида, акнун имсол аз он ҳосили хубро интизор шудан ба гумон аст», – иброз дошт номбурда.

Ғайр аз ин, ба дарахтони зардолу ва шафтолу ва ҳамчунин навъҳои барвақтӣ (пешпазак)-и ангур дар токзорҳои ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор ва Турсунзода зарари ҷиддӣ расидааст.

Тавре маълум аст, аксари токзору боғҳо суғурта нашудаанд ва аз ин рӯ, зиёнро фермерону хонаводаҳо мустақилона ҷуброн мекунанд. Қитаҳоеро, ки аз борони шадиди пайдарпай осеб дидаанд, муддати тӯлонӣ мебояд барқарор кард, чунки соли оянда низ ҳосил дода наметавонанд.

Сокинони ин минтақаҳо пешгӯӣ доранд, ки бинобар сабаби камҳосилии ин навъи дарахтони мевадор, соли равон нарх ба онҳо баланд хоҳад буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.