Мусоидати САҲА ба сафари занони сиёсатмадори тоҷик ба Албания

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба сафари кории занони сиёсатмадори тоҷик ба Албания( 2-9 апрел) мусоидат намуд. Бино ба иттилои сомонаи САҲА, ин сафар дар доираи лоиҳаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба густариши ҳуқуқҳои сиёсӣ ва имконоти занони сиёсатмадор анҷом пазируфтааст. Сафари кории занони сиёсатмадори тоҷик ба Албания бо мақсади роҳандозии робитаҳо бо […]

ASIA-Plus



Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба сафари кории занони сиёсатмадори тоҷик ба Албания( 2-9 апрел) мусоидат намуд.

Бино ба иттилои

сомонаи

САҲА, ин сафар дар доираи лоиҳаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон оид ба густариши ҳуқуқҳои сиёсӣ ва имконоти занони сиёсатмадор анҷом пазируфтааст.

Сафари кории занони сиёсатмадори тоҷик ба Албания бо мақсади роҳандозии робитаҳо бо ҳамтоҳои албанӣ, табодули таҷриба ва баррасии монеъаҳову мушкилоте, ки онҳо дар ҷомеаашон дучор мешаванд, сурат гирифтааст.

«Сафар ба Албания як дафъа вохӯрӣ нест. Ин сафар ба ҳамкории тӯлонӣ ва пурсамар миёни занони сиёсатмадори ду кишвар замина гузошт. Занони тоҷику албанӣ, ки онҳоро умеду орзу ва андешаҳои умумӣ муттаҳид месозанд, як итифоқеро таъсис доданд», – гуфтааст корманди умури ҳуқуқ ва ислоҳоти интихоботии Дафтари САҲа дар Тоҷикистон Весна Иванович Кастаред.

Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Гулнора Бобоева бар ин назар аст, ки аз худ дур кардани қолабу одатҳое, ки то имрӯз занонро намояндагии баробар дар парлумон бозмедоранд, «хеле муҳим аст».

Ба андешаи ӯ, чунин сафарҳо барои табодули таҷриба миёни занони сиёсатмадор ва занони аъзои парлумон аз Тоҷикистон бо ҳамтоҳои худ аз дигар кишварҳо хеле муфид аст. «Ин сафар ба занон барои иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишвар кумак мекунад», – баён доштааст номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.