Маҳфили навбатии «Ҷаҳони андеша» дар Академияи илмҳо

Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” бо иштироки адибон ва донишмандони тоҷик баргузор гардид. Тибқи иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳфил мавзӯи “Ҳаллоҷ ва ҷунбишҳои миллӣ” мавриди баҳс қарор гирифт, ки дар он гузоришдиҳанда пажуҳишгар ва донишманди тоҷик Ҷамшеди Азимпур аз андешаҳои ҳикматомези ин шахсияти бузург […]

Иттилоияи расмӣ



Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” бо иштироки адибон ва донишмандони тоҷик баргузор гардид.

Тибқи иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳфил мавзӯи “Ҳаллоҷ ва ҷунбишҳои миллӣ” мавриди баҳс қарор гирифт, ки дар он гузоришдиҳанда пажуҳишгар ва донишманди тоҷик Ҷамшеди Азимпур аз андешаҳои ҳикматомези ин шахсияти бузург иттилоот пешниҳод намуд.

Дар натиҷаи баҳс миёни донишмандони соҳаҳои гуногуни илми муосир чеҳраи воқеии Мансури Ҳаллоҷ чун яке аз нерӯмандтарин намояндагони тасаввуфи амалӣ ошкор гардид.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки барои воқиф сохтани ҷомеаи муосир аз ҳақиқати ҳолу аҳволи ин абардмард рисолаҳо навишта шаванд. 

Академияи илмҳо ҶТ иттилоъ медиҳад, ки маҳфили “Ҷаҳони андеша” ҳар ҳафта як маротиба дар толори Академияи илҳои Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.