Вохӯрии сарвазир бо намояндаи махсуси ИА ва сафири ИМА

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Питер Буриан мулоқот карда, зимни вохӯрӣ масоили рушди муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ба масоили марбут ба амалисозии барномаи ҳамкории дуҷониба дар давраи солҳои 2014-2020, ки ба […]

ASIA-Plus



Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Питер Буриан мулоқот карда, зимни вохӯрӣ масоили рушди муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ба масоили марбут ба амалисозии барномаи ҳамкории дуҷониба дар давраи солҳои 2014-2020, ки ба рушди деҳот, бахшҳои маорифу тандурустӣ нигаронида шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ҷонибҳо ҳамчунин бобати дурнамои рушди Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон табодули назар намуданд.

Қоҳир Расулзода имрӯз ҳамчунин сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Инга Миллардро низ ба ҳузур пазируфта, дар мулоқоти мазкур дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА баррасӣ шуд.

Зимни вохӯрӣ аз вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистону ИМА қаноатмандӣ изҳор шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.