Тоҷикону қафқозиҳо барои пул муноқиша кардаанд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ медиҳад, ки муноқиша миёни муҳоҷирони тоҷик бо зодагони Қафқоз назди яке аз мағозаҳои ноҳияи Бирюлеволи шаҳри Маскав, ки бар асари он сокини 24-солаи ноҳияи Ёвон Рамазон Шоимов кушта шуд, барои пул ба вуқӯъ пайвастааст. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз […]

ASIA-Plus



Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ медиҳад, ки муноқиша миёни муҳоҷирони тоҷик бо зодагони Қафқоз назди яке аз мағозаҳои ноҳияи Бирюлеволи шаҳри Маскав, ки бар асари он сокини 24-солаи ноҳияи Ёвон Рамазон Шоимов кушта шуд, барои пул ба вуқӯъ пайвастааст.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз қавли шаҳрвандони Тоҷикистон зодагони миллаташон қафқозӣ аз муҳоҷирони тоҷик пул талаб карда, вақте онҳо рад мекунанд, муноқишаву занозанӣ оғоз мегардад.

«Панҷ нафар зодагони Қафқоз ба чор тан аз ҳамдиёрони мо дарафтода, ду нафари онҳоро бо зарбаи корд захмӣ кардаанд. Яке аз захмишудагон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарӣ дар бемористон бистарӣ аст», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 105 КҶ ФР (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад. «Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷараёни тафтиши ин қазияро пайгирӣ мекунад», – афзуд сухангӯи сафорат.

Ёдрас мекунем, ки бар асари ин муноқиша сокини 24-солаи ноҳияи Ёвон Рамазон Шоимов кушта шуда, шаҳрванди дигари Тоҷикистон – Рӯзибек Самронов бо корд захмӣ шуд. Р.Самронов дар дармонгоҳи ба номи Склифосовский бистарӣ буда, таҳти муолиҷа қарор дорад. Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят аллакай ду нафар боздошт шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.