Glencore International AG барои ТАЛКО 200 ҳазор тонна гилхок мехарад

Ширкати трейдингии Glencore International AG-и Швейтсария соли равон харидории 200 ҳазор тонна гилхокро барои «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) маблағгузорӣ мекунад. Аз хадамоти матбуоти ТАЛКО ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта вохӯрии раҳбарияти корхона бо ҳайати баландпояи Glencore International AG таҳти раҳбарии президенти ин ширкат Айван Гласенберг (Ivan Glasenberg) доир гардида, дар он […]

ASIA-Plus



Ширкати трейдингии Glencore International AG-и Швейтсария соли равон харидории 200 ҳазор тонна гилхокро барои «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) маблағгузорӣ мекунад.

Аз хадамоти матбуоти ТАЛКО ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта вохӯрии раҳбарияти корхона бо ҳайати баландпояи Glencore International AG таҳти раҳбарии президенти ин ширкат Айван Гласенберг (Ivan Glasenberg) доир гардида, дар он масоили ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба баррасӣ шудаанд.

Ширкати Glencore International AG яке аз шарикони бузурги ТАЛКО дар бахши фурӯши алюминии аввалия мебошад. Дар самти таъмини ТАЛКО бо гилхок ва фурӯши маҳсулоти алюминии аввалия ширкатҳо аз соли 2007 ҳамкорӣ доранд. Байни ширкатҳо ду созишнома оид ба таҳвили алюминий аз ТАЛКО ба ширкати швейтсарӣ ҳамасола дар ҳаҷми 163 ҳазор тонна ба имзо расидааст, ки ин созишномаҳо то охири соли равон амал мекунанд.

Дар навбати худ ширкати Glencore International AG маблағгузории таъмини ТАЛКО бо  200 ҳазор тонна гилхок барои эҳтиёҷоти истеҳсолии корхонаро ба уҳда гирифтааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи апрели соли 2015 миёни ширкатҳо созишнома ба имзо расида, мутобиқи он ширкати швейтсарӣ ба маблағгузорӣ ҷиҳати таъмири 200 адад ваннаҳои электролизии корхонаи Тоҷикистон уҳдадор шуд.

Ёдрас мекунем, ки худи ҳамон рӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори генералии Ширкати Glencore International AG Айван Глазенбергро

ба ҳузур пазируфта

, дар мулоқот фаъолияти Ширкати «Гленкор» дар Тоҷикистон ва ҳамкории он бо корхонаҳои бузурги саноатии мамлакат муҳим арзёбӣ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.