Таварруми пасттарин дар Тоҷикистону Русия миёни кишварҳои ИДМ



Семоҳаи аввали соли ҷорӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Тоҷикистону Русия сатҳи таварруми пасттарин ба қайд гирифта шудааст.

Сардори шуъбаи нархи Агентии омори назди президенти ҶТ Абдухалил Наҷибуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тӯли се моҳи соли 2016 сатҳи таваррум дар Тоҷикистону Русия – 2,1%-ӣ, Қазоқистон – 3%, Беларус – 5,7% ва дар Арманистон танҳо дар моҳи феврал – 2,2%-ро ташкил додааст.

Ба гуфтаи Наҷибуллоев, аз оғози соли равон дар Тоҷикистон бештар нархи себ – 19,3%, нахӯд – 12,1%, картошка – 11,7%, чои кабуд – 10,9%, пиёз – 9,0%, шакар – 8,3%, равғани растанӣ – 7,9%, равғани маска – 5,4%, арақ – 2,2% ва гӯшти гов – 1,8% боло рафтааст.

Дар байни маҳсулоти ғайриғизойӣ тӯли се моҳи аввали соли ҷорӣ бештар дорувории тиббӣ – 9,6%, матоъи абрешимӣ – 6,7%, хамираи дандоншӯӣ – 5,3% ва пойафзоли занонаи чармин – 4,2% қимат шудаанд.

Аз оғози соли 2016 нарху тарифҳо ба хизматгузориҳои пулакӣ ба аҳолӣ дар маҷмӯъ 4,3% афзудаанд, аз ҷумла арзиши сафар бо нақлиёти ҳавоӣ – 1,9 баробар, нархи сафар бо нақлиёти роҳи оҳан – 5,8%, хизматгузориҳои дармонгоҳӣ (амбулаторӣ) – 1,9% зиёд шуда, дар баробари ин, нархи гази моеъ 5,1% поин рафтааст.

Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 дар як қатор кишварҳои узви ИДМ сатҳи баланди таваррум ба мушоҳида расид. Ҳамин тариқ, соли 2015 мизони таваррум дар Украина – 143,3%, Молдова – 13,6%, Қазоқистон – 13,6%, Русия – 12,6%, Беларус – 12,0%, Озарбойҷон – 7,6%, Тоҷикистон – 5% ва Қирғизистон – 3,4%-ро ташкил дода буд.

spot_imgspot_img

Популярное