Қадрия Зарифӣ, ҳамсари собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ пас аз бемории начандон тӯлонӣ рӯзи 21 апрел дар шаҳри Ню-Йорк аз олам даргузашт.
Собиқ ҳамкорони Ҳамрохон Зарифӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Марҳум Қадрия Зарифӣ ба ин шаҳри ИМА барои дидорбинии духтараш рафтааст, ки дар он ҷо иқомат дорад.
Шоми имрӯз бо хатсайри транзити тавассути шаҳри Дубай ба Душанбе интиқол додани ҷасади марҳум дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки айни замон Ҳамрохон Зарифӣ ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Япония ифои вазифа мекунад. Давоми солҳои 2006-2013 ӯ вазифаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошта, ҳамчунин дар вазифаҳои сафири Тоҷикистон дар Маҷористон (Венгрия), Швейтсария, Австрия, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амнияту ҳамкории Аврупо кор кардааст.





