Гумрукчиён 31 шаҳрванди хориҷиро ҷарима бастанд

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон (гузаргоҳи «Дӯстӣ»-и шаҳри турсунзода) гумрукчиёни тоҷик бинобар сарпечӣ аз гузаштан аз муоинаи гумрукӣ 31 тан аз шаҳрвандони хориҷи тибқи моддаи 570 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои «иҷро накардани амру талаботи қонунии шахси мансабдори мақомоти гумрук» ҷарима бастанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, семоҳаи аввали соли ҷорӣ […]



Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон (гузаргоҳи «Дӯстӣ»-и шаҳри турсунзода) гумрукчиёни тоҷик бинобар сарпечӣ аз гузаштан аз муоинаи гумрукӣ 31 тан аз шаҳрвандони хориҷи тибқи моддаи 570 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои «иҷро накардани амру талаботи қонунии шахси мансабдори мақомоти гумрук» ҷарима бастанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода 169 ҳолати ҳуқуқвайронкуни дар соҳаи гумрук ба қайд гирифта шуда, вобаста ба парвандаҳои баррасишуда 169 нафар шахси воқеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, ки 31 нафари онҳоро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахсони ҳуқуқвайронкунанда ба маблағи умумии 17 331 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд. Дар маҷмӯъ аз рӯи парвандаҳои дар давраи ҳисоботӣ оғозгардида 358 267 сомони пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида ва ба буҷаи давлат пардохт карда шудааст.

Зикр мегардад, ки қонуншиканиҳои шаҳрвандони хориҷӣ дар муқоиса бо соли гузашта кам гардидааст. Дар соли 2015 83 нафарро ташкил карда буд, дар семоҳаи соли 2016 бошад он ба 31 расидааст ва ва бештари онҳо шаҳрвандони Туркия, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон ва Русия мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.