Идомаи тамоили коҳиши воридоти орд ба Тоҷикистон



Тамоили

тадриҷан

кам шудани воридоти орд ва ҳамзамон афзоиши воридоти гандум ба Тоҷикистон идома дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, давоми се моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 24,8 ҳазор тонна (январ марти соли 2015 – 33,4 ҳазор тонна) орд ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 25,7% камтар аст.

Дар ҳамин ҳол, тӯли се моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 204,8 ҳазор тонна (3 моҳи соли 2015 – 173,4 ҳазор тонна) гандум ворид гардидааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 18,1% бештар мебошад.

Дар сохторҳои бахши иқтисоди ҷумҳурӣ ин тамоилро ба афзоиши шумори корхонаву коргоҳҳои истеҳсоли орд марбут медонанд. Кишвари асосии воридкунандаи орду гандум ба ҷумҳурӣ Қазоқистон боқӣ мемонад.

spot_imgspot_img

Популярное