Идомаи ҷустуҷӯи ҷасади ҷавони худро ба дарё партофта барои халосӣ аз «облава»

Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади сокини 17-солаи шаҳри Роғун, ки 19 апрел ҳангоми фирор аз маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват кардан (облава) худро ба дарё партофта шуда буд, идома дорад. Қаблан васоити ахбори умуми Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки сокини 19-солаи шаҳри Роғун Қиёмиддин Шарифов ҳангоми маъракаи маҷбур дастгир кардану ба хизмати ҳарбӣ фиристодан […]



Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади сокини 17-солаи шаҳри Роғун, ки 19 апрел ҳангоми фирор аз маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват кардан (облава) худро ба дарё партофта шуда буд, идома дорад.

Қаблан васоити ахбори умуми Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки сокини 19-солаи шаҳри Роғун Қиёмиддин Шарифов ҳангоми маъракаи маҷбур дастгир кардану ба хизмати ҳарбӣ фиристодан (облава) худро ба дарёи Вахш партофта, ғарқ шудааст.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар мавриди масъалаи мазкур иттилоъ доданд, ки айни замон ҷасади ҷавон дарёфт нашуда, вале ҷустуҷӯи он аз ҷониби наҷотдиҳандагон идома дорад.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз ду сол қабл, пеш аз оғози мавсими даъвати тирамоҳии соли 2014 президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар машварат бо намояндагони Вазорати мудофиа ба комиссарони ҳарбӣ дақиқан дастур дода буд, ки ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ «аз  тарзу усулҳои ғайриқонунӣ истифода накунанд», вале бо вуҷуди ин, чунин тарзу усул то ҳол мавриди амал қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.