Мансабдор: Барои вохӯрӣ бо Ҷаноби Олӣ симои ориёӣ бояд дошт



Мансабдорон аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд муътақиданд, ки барои суханронӣ назди Ҷаноби Олӣ мебояд симои ориёӣ, қомати баланду суханронии бурро дошт.

Рӯзи панҷшанбе хабаргузории «Озодагон» дар бораи қазияи сокини ноҳияи Мастчоҳ Шаҳнози Ниёзбоқӣ

иттилоъ дод

, ки ба ӯ барои иштирок дар вохӯрии ҷавонон бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 марти соли 2016 дар доираи ҷашни Наврӯз дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон иҷозат надодаанд.

Ӯ ба «Озодагон» гуфтааст, чанд моҳ қабл аз сафари Президент омодагӣ гирифта, «бо чашмони худаш дидааст, ки дар рӯйхати пешниҳодшуда барои суханронӣ кардан, номи ӯ ҳам ҳаст, лекин баъдан онро аз феҳраст берун кардаанд».

Ш.Ниёзбоқӣ вақте барои фаҳмидани сабабҳои ин ҳолат ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардааст, барояш гуфтаанд, дар вилоят чунин тасмим гирифтаанд. «Назди раиси вилоят рафтам, гуфтанд, ки шуморо бори аввал мебинем ва рӯйхат аллакай пешниҳод шудааст», – иброз доштааст ӯ.

Пас аз ин ӯ аз ҳукумати ноҳия посухи хаттӣ хоста, дар посух бо имзои муовини раиси ноҳия Умарзода В.В. зикр шудааст, ки «барои суханронӣ назди Ҷаноби Олӣ мебояд симои ориёӣ, қомати баланду суханронии бурро дошт». «Дар озмуни баромад назди Президент зиёда 30 довталаб ширкат варзидаанд, ки аз ин танҳо 3 нафар гузашт», – таъкид шудааст дар посухи мансабдор.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Номбурда гуфтааст, баъди дастрас шудани посух хоҳиш кардааст, ҳадди ақал ҳамчун иштирокчии қаторӣ вориди базмгоҳ шавад, аммо муваффақ нашудааст.

Ш.Ниёзбоқӣ аз эҳтимол дур намедонад, ки дар ҳукумати ноҳия гумон кардаанд, дар назди Президент аз кадом мушкили худ ҳарф мезанад, аз ин рӯ номашро аз рӯйхат берун карда, ҳатто иҷоза надодаанд, ки ба майдони баргузории чорабинӣ ворид шавад.

«Дар ҳукумати ноҳия фикр кардаанд, ки ман дар назди Эмомалӣ Раҳмон аз марги падарам соли 1998 ҳангоми исёни Маҳмуд Худойбердиев дар Суғд қисса мекунам. Вақти озмун шунидам, ки як намояндаи ҳукумат гуфтааст, ин духтар рӯзҳои сахтро дидааст, мабодо аз куштори падараш ҳарф назанад? Боз фикр мекардаанд, шояд ман аз Президент хонаи истиқоматӣ талаб мекунам», – гуфтааст Ш.Ниёзбоқӣ.

Аммо ба гуфтаи Шаҳноз, ҳадафи ӯ ба президент изҳори сипос карданӣ будааст, зеро зимни сафар ба ин ноҳия дар соли 2007 сарвари давлат ӯро ба рӯйхати квотаи президентӣ дохил карда, бо шарофату дастгирии президент соли 2012 мактаби олиро хатм кардааст.

spot_imgspot_img

Популярное