150 ҳазор сомонӣ бурди байтор аз Восеъ дар лотерея



Сокини 56-солаи ноҳияи Восеъ Исоев Искандар дар лотереяи Лото-Спорт ба бурди маблағи пулӣ дар ҳаҷми 150 ҳазор сомонӣ ноил гардид.






Искандар Исоев солҳои зиёдест, ки байтор (ветеринар) буда, хоҷагии деҳқонии худро пеш мебарад ва ҳамчунин ба занбӯриасалпарварӣ низ таваҷҷуҳ дорад.

Маросими расмии тақдими маблағи пулии бурд ба Исоев Искандар зимни консерти идона дар маркази ноҳияи Восеъ ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии меҳнаткашон баргузор шуд.

spot_imgspot_img

Популярное