Кормандони КҲФ духтарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон наҷоти як духтари мактабхони 16-сола аз шаҳри Ваҳдат аз ғарқшавӣ дар дарёи Кофарниҳон муяясар шуд. Сухангӯи КҲФ ва МГ Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 3 май сокини 16-солаи ҷамоати Чорбоғи шаҳри Ваҳдат Мӯниса Сангова […]



Ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон наҷоти як духтари мактабхони 16-сола аз шаҳри Ваҳдат аз ғарқшавӣ дар дарёи Кофарниҳон муяясар шуд.

Сухангӯи КҲФ ва МГ Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 3 май сокини 16-солаи ҷамоати Чорбоғи шаҳри Ваҳдат Мӯниса Сангова ба дарё афтода, каме поинтар аз маҷрои дарё наздикии яке аз бозорҳои шаҳр ӯро аз об берун овардаанд. «Ӯ дар бемористон бистарӣ шуд», – иброз дошт номбурда.

Ҳамчунин ба қавли сухангӯи Кумита, субҳи имрӯз дар кӯчаи Шевченкои пойтахт як дарахте ба болои автомшаинаи тамғаи «Хундай» афтодаааст. «Аз ин ҳодиса касе осеб надида, танҳо ба худи автомашина зиёни зиёд расид», – афзуд О.Нозимов.

Зимнан зикр гардид, ки дар бораи зиёни расида аз боришоти шадиди рӯзҳои 2 ва 3 май то субҳи имрӯз ба КҲФ ва МГ ҷумҳурӣ маълумоте нарасидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.