Намояндаи мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Фирдавс Қурбонов бар ин назар аст, ки сабаби аслии истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия аз ҷониби онҳо нодида гирифтани меъёрҳои қонунгузории муҳоҷирати Русия аст.
Ӯ қайд кардааст, ки ҳар кадоме аз муҳоҷирони корӣ бояд тамоми ҳуҷҷатҳо заруриеро, ки будубоши қонунии ӯро дар Русия тасдиқ мекунанд, аз ҷумла иҷозатнома барои кор, патент ё шаҳодатнома дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва қонунҳои Русияро бо худ дошта бошанд.
Ба қавли Қурбонов, мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо шаҳрвандоне, ки муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр мекунанд, корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.
«Пеш аз сафар дар ҳар рӯзи басти корӣ бо 150 то 300 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони мамлакат, ки тариқи фурудгоҳ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, вохӯриҳо гузаронида мешаванд», – иттилоъ медиҳад
дафтари матбуоти
мақомоти муҳоҷират бо такя ба гуфтаҳои Қурбонов.





