Иттиҳоди Аврупо бо рафти иҷрои шартҳои дастгирии буҷети Тоҷикистон шинос шуд

Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои дастгирии буҷети Тоҷикистон маблағи навбатиро ҷудо карданист. Рӯзи 3 май зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Абдуҷаббори Қурбониён бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ҷараёни иҷрои шартҳо ҷиҳати пешниҳоди воситаҳои грантӣ баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, ҷонибҳо ҷараёни ислоҳот дар бахшҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ ва идоракунии молияи давлатиро […]

Пайрав Чоршанбиев



Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои дастгирии буҷети Тоҷикистон маблағи навбатиро ҷудо карданист.

Рӯзи 3 май зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Абдуҷаббори Қурбониён бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ҷараёни иҷрои шартҳо ҷиҳати пешниҳоди воситаҳои грантӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, ҷонибҳо ҷараёни ислоҳот дар бахшҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ ва идоракунии молияи давлатиро баррасӣ намуда, «ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва пурсамари Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо»-ро таъкид доштанд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Барномаи дастгирии рушди инсонӣ Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии буҷети Тоҷикистон воситаҳои бурсӣ ҷудо мекунад. Ин воситаҳоро ҷумҳурӣ дар сурати баргузор намудани тадбирҳои муваффақ оид ба беҳбудӣ дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ ва роҳандозии чанде чораҳо доир ба амалисозии ислоҳот дар бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дастрас карда метавонад.

Қаблан дар чаҳорчӯби ин барнома Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон 6,2 млн. евро ҷудо кард. Шурӯъ аз соли 1992 ҳаҷми умумии кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон 750 млн. евро арзёбӣ мешавад.

Давоми 8 соли охир кумаки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар шакли дастгирии буҷетӣ ва кумаки техникӣ пешниҳод мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.