Гумонбари асосии кушторро Тоҷикистон фиристод ё дар Русия боздошт шуд?

– Гумонбарӣ асосӣ дар куштори оммавии як оила дар наздикии ноҳияи Сизрани Русия – зодаи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанов боздошт ва аз Душанбе ба Русия оварда шудааст, – хабар медиҳанд ВАО-и Русия. Бино ба маълумоти ТАСС   бо истинод ба сардори мақомоти пулиси вилояти Самара Сергей Солодовников, гумонбари асосӣ ба қатли собиқ сардор пулиси Сизран полковник […]

ASIA-Plus



– Гумонбарӣ асосӣ дар куштори оммавии як оила дар наздикии ноҳияи Сизрани Русия – зодаи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанов боздошт ва аз Душанбе ба Русия оварда шудааст, –



хабар медиҳанд


ВАО-и Русия.

Бино ба маълумоти

ТАСС

  бо истинод ба сардори мақомоти пулиси вилояти Самара Сергей Солодовников, гумонбари асосӣ ба қатли собиқ сардор пулиси Сизран полковник Андрей Гошт ва аъзои оилаи ӯ зимни кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Афғонистон боздошт шудааст. «Дар Маскав гумонбаршуда ба посбонон дода шуда, тақрибан соатҳои 14-00-и вақти Маскав ӯ  ба Сизран оварда мешавад», – иброз доштааст ӯ.

Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, маҳз ҳамин гумонбар дигар иштирокчиёни ҷиноятро ба хонаи ҷабрдида раҳнамоӣ кардааст. «Мо чунин мешуморем, ки ӯ (боздоштшуда) маҳз шахсест, ки дигар боздоштшудагонро ба ин хона овардааст», – қайд кардааст Солодовников.

Номбурда зикр кардааст, ки гумонбаршуда рӯзи 3 май ҳангоми кӯшиши убури марзи Тоҷикистону Афғонистон дастгир карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи расмии ВКЛ Русия фарзияи тамоман дигар боздошт оварда мешавад. «Имрӯз кормндони мақомоти пулис дар фурудгоҳи Домодедово марди бо хатсайри Душанбе – Маскав омадаро боздошт намуданд. Ӯ ба қатли 6 нафар ва сахт маҷрӯҳ кардани духтарчаи хурдсол дар вилояти Самара гумонбар дониста мешавад», – иттилоъ додааст намоянаи расмии ВКД Русия Ирина Волк.

Бино ба иттилои ВКД Русия, чанде қабл кормандони ВКД Тоҷикистон муайян кардаанд, ки ин шахси мавриди ҷустуҷӯ қарордошта нияти аз кишвар парвоз карданро доштааст.

Қобили зикр аст, ки қаблан дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Русия

акси гумонбари асосӣ

ба куштори 6 нафар дар вилояти Самараро, ки ба Тоҷикистон фирор намудааст (тавре пештар зикр гардида буд) нашр намуд. Бино ба маълумоти тафтишот, ин шахс зодаи Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аҳмадов будааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.