Бонки хизматрасони CASA-1000 дар кишвари берун аз лоиҳа ҷойгир мешавад

ASIA-Plus



Кишварҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000 пеш аз ба истифода супоридани иншооти бунёдшуда кишварҳо бонки мудир (бонки хизматрасон)-ро ҷиҳати идоракунии даромад дар якҷоягӣ интихоб мекунанд.

Бино ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, Бонки хизматрасон дар кишваре, ки  дар лоиҳа иштирок намекунад ҷойгир хоҳад буд, ки он ҳар як сол аз тафтиш (аудит) мегузарад.

Барои ҳар ду кишвари  содиркунанда  бо мақсади таъмин намудани баҳисобгирии муҳосибавии шаффоф ва истифодаи маблағ аз содироти нерӯи барқ барномаи идоракунии даромад бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ (НБМ) ба мувофиқа расонида мешавад.

«Даромад аз содирот пеш аз ҳама барои фаъолияти муназзами лоиҳаи CASA-1000  истифода хоҳад шуд, аз он ҷумла барои саривақт пардохт намудани ҳаққи

тавлидкунандагони нерӯи барқ, пардохтҳои хизматрасонии қарз, инчунин  барои  мусоидат дар амалисозии барномаҳои истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дигар чораҳои  лоқаманд бо норасоии барқ дар фасли зимистон дар Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон», – шарҳ медиҳад Бонки ҷаҳонӣ.

Дар шарҳи лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин гуфта мешавад, инфрасохтори зарурӣ барои истеҳсоли нерӯи барқ аллакай мавҷуд аст.  Маълумоти иловагӣ ба  гузориши ибтидоии асосноккунии лоиҳа аз моҳи феврали 2011 нишон дод, ки дар давоми 20 соли оянда (2016-35) барои интиқоли он ба Осиёи Ҷанубӣ бе сохтмони иншооти иловагии истеҳсоли нерӯи барқ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳаҷми кофии нерӯи барқи зиёдатии фасли тобистон (аз 1 май то 30 сентябр) дастрас хоҳад буд.

«Айни замони Тоҷикистон  дар фасли тобистон  ҳаҷми зиёди обро бе истеҳсоли нерӯи барқ  мепартояд,  зеро ҳаҷми  зарурии  об  барои  талаботи  дохилӣ  ва  соридоти  кунунии  нерӯи  барқ  зиёдтар  мебошад.  Дар  давоми моҳҳои тобистон ҳаҷми зиёди нерӯи  барқи зиёдатӣ барои қонеъ намудани талаботи содироти он дар доираи лоиҳа бе сохтмони иншооти иловагии истеҳсоли нерӯи барқ дастрас мебошад», – омадааст дар

шарҳу тавзеҳи

Бонки ҷаҳонӣ.

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...