Сафири Тоҷикистон дар ҳузури сарвари давлати Чин

Дар Қасри Маҷлиси намояндагони мардумии шаҳри Пекин 17 майи соли 2016 маросими супоридани Эътимодномаҳои сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзсинпин баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзсинпин Эътимодномаҳоро қабул намуда, П.Давлатзодаро ба муносибати оғози расмии рисолати дипломатиаш ба ҳайси Сафири Фавқулодда ва […]

ASIA-Plus



Дар Қасри Маҷлиси намояндагони мардумии шаҳри Пекин 17 майи соли 2016 маросими супоридани Эътимодномаҳои сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзсинпин баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзсинпин Эътимодномаҳоро қабул намуда, П.Давлатзодаро ба муносибати оғози расмии рисолати дипломатиаш ба ҳайси Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин табрик намуда, ба ӯ баҳри иҷрои фаъолияти пурсамар ҷихати густариши муносибатҳои дӯстонаи Точикистону Чин комёбиҳо таманно намуд. Сарвари давлати Чин таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои нек ҳастанд ва байни ду кишвар ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст.

Дар навбати худ, П.Давлатзода паёми гарми Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмонро бо таманниёти нек ва шукуфоӣ ба мардуми дӯсти Чин расонд ва вусъат ёфтани муносибатҳои байнидавлатӣ баъд аз сафари давлатии сарвари давлати Чин ба Тоҷикистонро таъкид кард.

П.Давлатзода қайд кард, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои ҳамсоягиии накӯ, дӯстона ва ҳамкории судманд бо Чин аҳамияти хосса дода, муносибот бо Чин дар сиёсати хориҷии кишвараш мақоми афзалиятнок дорад. Бо назардошти сатҳи баланди эътимоди сиёсӣ, дӯстии устувор ва муносибатҳои шарикии Тоҷикистону Чин, рушди муназзами робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ нақши намоён доранд.

Аз рушди бонизом ва натиҷаи ҳамгироии ду кишвар дар соҳаи амният, афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, густариши ҳамкориҳо дар татбиқи як қатор тарҳҳои бузурги аҳамияти минтақавӣ дошта, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аҳамияти ташаббуси шоистаи Сарвари давлати Чин доир ба эҷоди “Камарбанди иқтисодии роҳи Абрешим” ҷихати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар таъкид карда шуд.

П.Давлатзода иброз намуд, ки барои рушд ва тавсеаи босамари муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳои ҳамсоя ва мардумони дӯст тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.