Вохӯрии минтақавии коршиносони воҳидҳои зидди мухаддирот дар Душанбе

Дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ рӯзи 1 июн дар чорчӯбаи Лоиҳаи минтақавии XAC/K22 «Муқобилат ба интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон тавассути хатсайри шимолӣ тариқи тақвият бахшидани иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-гузаргоҳӣ ва созмон додани Офиси ҳамкории сарҳадӣ (ОҲС)» вохӯрии коршиносон-таҳлилгарони идораҳои аъзои лоиҳаи XAC/K22 дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кори […]



Дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ рӯзи 1 июн дар чорчӯбаи Лоиҳаи минтақавии XAC/K22 «Муқобилат ба интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон тавассути хатсайри шимолӣ тариқи тақвият бахшидани иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-гузаргоҳӣ ва созмон додани Офиси ҳамкории сарҳадӣ (ОҲС)» вохӯрии коршиносон-таҳлилгарони идораҳои аъзои лоиҳаи XAC/K22 дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кори худро оғоз намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, дар назди иштирокчиёни вохӯрӣ бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Директори Агентӣ Зафар Самад баромад намуд. Дар вохӯрӣ ҳамоҳангсози байналмилалии Лоиҳаи XAC/K22, ёварони менеҷерҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд.

Тибқи барномаи Вохӯрӣ иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба истифодаи таъминоти барномавии IBM i2 баҳри ҷамъоварӣ намудани мавод барои Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Тоҷикистон, шабакаи ягонаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, ташкили ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод. Дар рафти вохӯрӣ мавқеи ҳисоботдҳӣ барои Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Тоҷикистон ҷамъбаст карда шуда, тавсияҳо оид ба беҳтар гардонидани фаъолияти таҳлилии Офиси ҳамкории сарҳадӣ коркард мегарданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ бо базаи таҷрибавӣ барои Офиси ҳамкории сарҳадии шуъбаи таҳлилӣ-итттилоотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ шинос мешаванд.

Ба ҳайати Офисҳои ҳамкории сарҳадӣ як нафарӣ намояндагони Агентӣ, ВКД, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ дохил мешаванд, ки вазифаҳои асосии онҳо – ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои вобаста бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бо роҳи мубодилаи иттилоот ва гузаронидани амалиётҳои муштарак, аз ҷумла хислати байналмилалӣ дошта мебошад.

Рӯзи 2 июн иштирокчиёни Вохӯрӣ аз Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон дидан хоҳанд намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.