Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия



Дар Шӯрои Федратсияи Маҷлиси Федералии Россия вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Раиси кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба масъалаҳои байналмилалии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Константин Косачев анҷом ёфт.

Тавре аз сафорати ҶТ дар Росия хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо тамоми самтҳои муносибатҳои дуҷонибаро таҳти муҳокима қарор доданд. Дар ин ҷода,  муҳимияти робитаҳои байнипарлумонӣ, ки анъанавӣ дӯстона мебошанд, қайд гардид.

Яке аз мавзӯъҳои калидии ин вохӯрӣ масъалаи қазияи қабристони “Хован” ба шумор мерафт. Константин Косачев арз намуд, ки баъд аз мулоқоти ҷойдоштаи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурукҷон Зуҳуров ва Раиси Шӯрои Федратсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко ба сенаторҳо дастур дода шуд, то масъалаҳои вобаста ба қазияи қабристони “Хован”-ро таҳти назорат гиранд. Раиси кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба масъалаҳои байналмилалии Маҷлиси Федералӣ қайд намуд, ки Шӯрои Федератсия аз мақомоти дахлдор маводҳои иттилоотиро оид ба ин парванда дархост карда, масъалаи мазкурро таҳти омӯзиш қарор додааст.

Раиси кумита оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатии Маҷлиси Федералӣ Андрей Клишас дар рафти вохӯрӣ арз кард, ки масъалаи назорати тафтишоти қазия зимни вохӯриҳо бо Прокуратураи генералии Россия ба миён гузошта мешавад ва мо дар назди худ вазифа гузоштем, то назорати ҳамаҷонибаи парлумонии ин парвандаро таъмин намоем.

Дар навбати худ, Сафири Тоҷикистон қайд кард, ки Сафорат аз рӯзи аввали сарзадани ин қазия масъаларо таҳти назорати ҷидди худ қарор додааст. Ин масъала инчунин дар рафти сафари Вазири корҳои дохилии Россия ба Тоҷикистон бо роҳбарияти кишвар муҳокима гардид. И. Сатторов арз намуд, ки масъалаи асосӣ таъмини тафтишоти воқеъбинона буда, Сафорат дар ин самт бо мақомотҳои дахлдори Россия фаъолона ҳамкорӣ намуда истодааст.

Мавзӯи муҳими дигари вохӯрӣ, маҷмӯи масъалаҳо вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ буд. Дар ин росто, қайд гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоссаро ба масоили ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Россия иқомат доранд, зоҳир менамояд.

И. Сатторов арз кард, ки ҷониби Тоҷикистон чораҳои татбиқшавандаро дар масъалаи ба низом даровардани равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ хуш мепазирад.  Дар баробари ин ҳолатҳои зиёди поймол шудани ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ низ ба қайд гирифта мешаванд.

Сафир мушкилиҳои асосие, ки бо он муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба рӯ мегарданд, аз ҷумла, хориҷкунии шаҳрвандони Тоҷикистон, зиёд шудани шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯйхатҳое, ки вориди онҳоро ба Россия манъ менамояд, баррасии ғайриодилонаи парвандаҳо оид ба хориҷкунии шаҳрвандон ва суръат қабули қарорҳо аз ҷониби судҳо, пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ, масъалаҳои бақайдгирии шаҳрвандон ва ғайраро номбар кард.

Дар навбати худ сенаторҳо қайд карданд, ки масъалаҳои зимни ин вохӯрӣ матраҳшуда омӯхта мешаванд ва дар сатҳи парлумонӣ мусоидат барои ҳалли ин масъалаҳо расонида мешавад.

Ҷонибҳо  инчунин қайд карданд, ки ин вохӯрии охирин набуда, доир ба масъалаҳои мазкур робитаҳои доимӣ барқарор мегардад.

spot_imgspot_img

Популярное