Ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» баста мешавад

Суди олии Русия бо талаби Вазорати адлияи ин кишвар масъалаи барҳам додани ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик»-ро баррасӣ мекунад. Дар изҳороти раиси ҳаракат Каромат Шарипов, ки дар сомонаи   ҳаракат интишор шудаааст, зикр мегардад, ки парванда оид ба баста шудани ҳаракатро Суди олии Русия санаи 2 июн баррасӣ мекунад. «Ман ба вохӯрӣ бо намояндагони […]

ASIA-Plus



Суди олии Русия бо талаби Вазорати адлияи ин кишвар масъалаи барҳам додани ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик»-ро баррасӣ мекунад.

Дар изҳороти раиси ҳаракат Каромат Шарипов, ки дар

сомонаи

  ҳаракат интишор шудаааст, зикр мегардад, ки парванда оид ба баста шудани ҳаракатро Суди олии Русия санаи 2 июн баррасӣ мекунад.

«Ман ба вохӯрӣ бо намояндагони ВАО ва пешниҳоди далелҳо омодаам, ки ба фармоишӣ будани ин мурофиа шаҳодат медиҳад, ба ифшои номи фармоишгар ҳам омодаам», – гуфтааст Шарипов.

Ба гуфтаи ӯ, «бо ҳимоя аз ҳуқуқҳои иҷтимоӣва инсонии муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Русия, мо сатҳи худшиносии мардуми тоҷикро баланд бардоштем».

«Мо собит сохтем, ки ҳеҷ касе моро ғулом карда наметавонад. Қонун барои ҳама якест ва бояд барои ҳама боадолат бошад. Бо ифтихор гуфта метавонем, ки аз уҳдаи ин вазифаи душвор баромадем. Ба ҳамватанон изҳори миннатдорӣ мекунам, ки ба мо бовар карда, вақте мансабдорон, намояндагони мақомоти интизомӣ, корфармоён, сохторҳои ҷиноятпеша ҳуқуқҳояшонро поймол карданд, барои кумак ба мо муроҷиат намуданд. Мо дурӯғ нагуфтем, ҳақиқатро ифшо мекардем. Мо номаву муроҷиатҳои шуморо бидуни таҳриру тағйир ба чоп мерасонидем», – гуфтааст Шарипов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова