Кумаки Комиссияи Аврупо ба зарардидагони обхезиҳо дар Тоҷикистон

Баъд аз обхезиҳо ва селобаҳое, ки дар нӯҳ ноҳияи Тоҷикистон 9-12 майи соли 2016 ба вуқӯъ пайваста зарар оварданд, Комиссияи Аврупо ҷиҳати расонидани кӯмаки башардӯстона ба онҳое, ки аз ҳама беш зарар дидаанд, 60 000 евроро ҷудо намудааст. Боронҳои шадиде дар Тоҷикистон боиси марги 5 нафар, бепаноҳу бехӯрок мондани 1500 оила, зарари инфрасохтори муҳими заминҳои […]

Иттилоияи расмӣ



Баъд аз обхезиҳо ва селобаҳое, ки дар нӯҳ ноҳияи Тоҷикистон 9-12 майи соли 2016 ба вуқӯъ пайваста зарар оварданд, Комиссияи Аврупо ҷиҳати расонидани кӯмаки башардӯстона ба онҳое, ки аз ҳама беш зарар дидаанд, 60 000 евроро ҷудо намудааст.

Боронҳои шадиде дар Тоҷикистон боиси марги 5 нафар, бепаноҳу бехӯрок мондани 1500 оила, зарари инфрасохтори муҳими заминҳои киштӣ ва талафи чорво гардидааст.

Саридораи Комиссияи Аврупо оид ба кӯмакҳои башардӯстона ва ҳимояи авом “ECHO” ҷавобан ба илтимоси Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) оиди расонидани ёрии таъҷилӣ, барои фонди ҳолатҳои фавқулодаи ин созмон маблағ ҷудо карда дод. Қарори мазкур дар асоси баҳодиҳии дақиқ, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони зайл: “Дастаи баҳодиҳии фаврӣ ва ҳамоҳангии амалиёт дар ҳолатҳои фавқулода” ба истилоҳ “РЕАКТ”;  мақомоти давлатии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода; ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон; гузаронида шуда буд, қабул шуд.

Маблағи мазкур ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дастрас карда шуд то ин созмон ба 320 аз ҳама беш оилаҳои зарардида бо молҳои ғайрихӯрокӣ, аз ҷумла кӯрпачаҳо, рахти хоб, кампалҳо, болишту бастачаҳои беҳдоштӣ таъмин намояд.

Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ буда, дар муқобили офатҳои табиӣ чун селу ярчу обхезӣ, ки қариб ҳар сол инҷо зарба мезананд, хеле осебпазир аст. Тавассути барномаи омодагӣ ба офатҳои табиӣ бо номи “DIPECHO”, Комиссияи Аврупо беш аз 10 сол ин ҷониб дар Тоҷикистон талош дорад, ки қудрати ҷамоатҳои маҳалиро дар муқобили офатҳои табиӣ пурзуртар гардонад.

Замина

Иттиҳоди Аврупо якҷоя бо давлатҳои аъзояш донори бузургтарини дунё дар ҷодаи кӯмаки башардӯстона ба шумор меравад. Кӯмаки ИА ин як изҳори муттафиқии Аврупо бо мардуми ниёзманд дар саросари ҷаҳон аст. Ҳадафи кӯмаки ИА ин наҷот додани ҳаёт, пешгирӣ ва таскини дарду азоби инсон, ҳифзи нангу номуси мардуме, ки аз офатҳои табиӣ ва ё бӯҳронҳои одамсохт зарар диданд. Ҳар сол Комиссияи Аврупо тавассути Раёсати кӯмакҳои башардӯстона ва ҳифзи шаҳрвандӣ (ECHO) ба беш аз 120 миллион қурбониёни офатҳои табиӣ ва ҷангҳо кӯмак мерасонад. Барои маълумоти иловагӣ метавонед сомонаи ECHO-ро боздид намоед.

Байни Комиссияи Аврупо ва ФБСС созишномаи тафвиз ба имзо расид, ки тибқи он ба фонди ҳолатҳои фавқулодаи ФБСС 3 миллион евро гузаронида мешавад.  Маблағи фонди мазкур асосан барои рафъи оқибатҳои офатҳои “хурд” истифода бурда мешавад. Одатан ингуна офатҳои хурд муроҷиати расмии ҳукуматҳоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ  наметалабад.

Фонди ҳолатҳои фавқулода соли 1985 таъсис ёфта, аз ҳисоби маблағҳои донорҳо пур мегардад. Ҳар боре, ки барои вокуниш ба офати табиӣ ягон Ҷамъияти миллии Салиби Сурх ва ё Ҳилоли Аҳмар ба таври таъҷилӣ маблағ гирифтанӣ шавад, он метавонад маблағҳои заруриро аз фонди мазкур дархост намояд.

Ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои хурд, ФБСС аз фонди мазкур маблағи заруриро ҷудо мекунад ва баъдан донорҳо ин фондро боз пур мекунанд. Созишномаи тафвизе, ки байни ФБСС ва ECHO ба имзо расидааст, ба ECHO имкон медиҳад, ки фонди ҳолатҳои фавқулодаро умуман то 3 миллион евро пур карда, ба ҳамоҳангии кӯмакрасониҳо мусоидат намояд (ин ба оинномаи ин созмон оиди кӯмакрасонии башардӯстона мувофиқ аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова