Иқдоми машваратии БОМКА дар Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо мусоидатро ба чорабиниҳо оид ба бехатарии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ идома дода истодааст. Ҳамин тариқ, дар чаҳорчӯбаи Барномаи мусоидат ба идораи сарҳалот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ташрифи машваратии коршиносони барномаи мазкур ба ш.Душанбе доир ба масоили идоракунии убури муҳоҷирон дар сарҳад рӯзи 1 июни 2016 сол оғоз мегардад. Ташрифи мазкур дар шакли омехтаи […]



Иттиҳоди Аврупо мусоидатро ба чорабиниҳо оид ба бехатарии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ идома дода истодааст. Ҳамин тариқ, дар чаҳорчӯбаи Барномаи мусоидат ба идораи сарҳалот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ташрифи машваратии коршиносони барномаи мазкур ба ш.Душанбе доир ба масоили идоракунии убури муҳоҷирон дар сарҳад рӯзи 1 июни 2016 сол оғоз мегардад.


Ташрифи мазкур дар шакли омехтаи омӯзиш ва мизи мудаввар бо иштироки коршиносони аврупоӣ аз Хадамоти давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Латвия ва Хадамоти ҳифзи сарҳад ва иммигратсияи Португалия аз як тараф, ва аз тарафи дигар мутахассисони миллии Тоҷикистон дар соҳаи хариду фурӯши одамон ва реадмиссия баргузор мегардад. Аз ҷониби Тоҷикистон дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ширкар меварзанд.

Ҳадафии асосии ташриф ин мавриди муҳокимаи судманд қарор додани қонунгузории дохилӣ бо назардошти таҷрибаи байналхалқӣ дар масоили идораи гурӯҳҳои осебпазири муҳоҷирон, ки аз сарҳади давлатӣ убур мекунанд ва шинос шудан бо қонунгузории давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар ин самт мебошад. Иштирокчиёни чорабинии мазкур таҷрибаи пешқадами давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро оид ба пешгирӣ намудани хариду фурӯш ва қочоқи одамон ҳангоми убури сарҳад баррасӣ намуда, инчунин таҷрибаи босамари Иттиҳоди Аврупоро дар самти реадмиссия мавриди мубодилаи афкор қарор хоҳанд дод.

Дар асоси мулоҳизот ва табодули андешаҳо бо мутахассисони миллӣ коршиносони Иттиҳоди Аврупо тавсияҳои дахлдорро баҳри мукаммал гардонидани қисмҳои алоҳидаи қонунгузории миллӣ оид ба идораи гурӯҳҳои осебпазири муҳоҷирон ҳангоми убури сарҳад ва реадмиссия мутобиқи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ пешниҳод хоҳанд кард.

Нахустин чорабиниҳои барномаи БОМКА дар Осиёи Марказӣ соли 2003 оғоз гардида, то ба имрӯз шарикӣ байни барнома ва ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мусоидат ба идораи сарҳадот қавӣ гардидааст. Тӯли солҳои 2003-2014 Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи барномаи БОМКА 33,6 млн. евро ҷудо намуда барои амалисозии марҳилаи 9-ум (2015-2018) наздики 5 млн. евро пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.