Наздики 10 млн. $ кумаки башардӯстонаи кишварҳои узви СААД ба Тоҷикистон

Аз моҳи июлис соли 2015 то моҳи майи соли 2016 кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) тариқи ниҳодҳоо ҳолатҳои фавқулода дар робита ба офатҳои табиӣ, ба Тоҷикистон дар ҳаҷми ҳудуди 10 млн. доллари ИМа кумаки башардӯстона расониданд. Раҳбарияти Тоҷикистон бо дархости кумак аз ҷониби кишварҳои узви Созмон ба дабири кулли СААД муроҷиат карда, кишварҳо […]

ASIA-Plus



Аз моҳи июлис соли 2015 то моҳи майи соли 2016 кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) тариқи ниҳодҳоо ҳолатҳои фавқулода дар робита ба офатҳои табиӣ, ба Тоҷикистон дар ҳаҷми ҳудуди 10 млн. доллари ИМа кумаки башардӯстона расониданд.

Раҳбарияти Тоҷикистон бо дархости кумак аз ҷониби кишварҳои узви Созмон ба дабири кулли СААД муроҷиат карда, кишварҳо ин дархостро пазируфтанд.

Ҳамин тариқ, аз соли 2015 то моҳи майи соли 2016 аз ҷониби Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ба Тоҷикистон чандин маротиба кумак расонида шуд.

Дар ин давра аз ҳисоби ин кумакҳо ба Тоҷикистон 6 адад автомашинаҳои боркаш (самосвал)-и тамғаи «МАЗ», 3 355 тонна маҳсулоти ғизойӣ, 1190 тонна масолеҳи сохтмон, маводи сӯзишворӣ, амволи гуногун ва дигар молу ашёи моддӣ бо арзиши умумии наздики 10 млн. доллари ИМА ворид гардид. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.