Даргузашти падари яке аз пешвоёни «Гурӯҳи 24»



Мирзоалӣ Гадоев, падари яке аз пешвоёни ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Гурӯҳи 24» Шарофиддин Гадоев дар сини 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Пайвандону наздикони марҳум ба Радиои Озодӣ иттилоъ додаанд, ки муддати чандин сол Мирзоалӣ Гадоев дар робита ба фаъолияти сиёсии писараш таҳти фишор қарор дошт. Дар яке аз муроҷиатҳои видеоои худ ӯ аз писараш даъват карда буд, ки ба Тоҷикистон баргашта, ба зиндагии осоишта машғул шавад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев ба ширкати «Голд тур Транс» роҳбарӣ мекард. Соли 2012 ҳамроҳи Умаралӣ Қувватов Тоҷикистонро тарк кард. Онҳо ҳамроҳ яке аз аввалин муассисони «Гурӯҳи 24» буданд, ки баъдан бо қарори Суди олии Тоҷикистон ифротгаро эълон шуд.

Тобистони соли 2014 Шарофиддин Гадоев бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Мадрид боздошт шуда, аммо ҳукумати Испания истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро рад кард ва ба муҳлати панҷ сол ба Гадоев паноҳгоҳи сиёсӣ дод.

spot_imgspot_img

Популярное