Даргузашти падари яке аз пешвоёни «Гурӯҳи 24»

Мирзоалӣ Гадоев, падари яке аз пешвоёни ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Гурӯҳи 24» Шарофиддин Гадоев дар сини 68-солагӣ аз олам даргузашт. Пайвандону наздикони марҳум ба Радиои Озодӣ иттилоъ додаанд, ки муддати чандин сол Мирзоалӣ Гадоев дар робита ба фаъолияти сиёсии писараш таҳти фишор қарор дошт. Дар яке аз муроҷиатҳои видеоои худ ӯ аз писараш даъват […]



Мирзоалӣ Гадоев, падари яке аз пешвоёни ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Гурӯҳи 24» Шарофиддин Гадоев дар сини 68-солагӣ аз олам даргузашт.

Пайвандону наздикони марҳум ба Радиои Озодӣ иттилоъ додаанд, ки муддати чандин сол Мирзоалӣ Гадоев дар робита ба фаъолияти сиёсии писараш таҳти фишор қарор дошт. Дар яке аз муроҷиатҳои видеоои худ ӯ аз писараш даъват карда буд, ки ба Тоҷикистон баргашта, ба зиндагии осоишта машғул шавад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев ба ширкати «Голд тур Транс» роҳбарӣ мекард. Соли 2012 ҳамроҳи Умаралӣ Қувватов Тоҷикистонро тарк кард. Онҳо ҳамроҳ яке аз аввалин муассисони «Гурӯҳи 24» буданд, ки баъдан бо қарори Суди олии Тоҷикистон ифротгаро эълон шуд.

Тобистони соли 2014 Шарофиддин Гадоев бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Мадрид боздошт шуда, аммо ҳукумати Испания истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро рад кард ва ба муҳлати панҷ сол ба Гадоев паноҳгоҳи сиёсӣ дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.