Обуҳавошиносон поинравии ҳароратро пешгӯӣ мекунанд

Обуҳавошиносон рӯзҳои 15-16 июн дар ҷумҳурӣ боронҳои кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва ҷоларо пешгӯӣ мекунанд. Агентии гидрометеорологии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки ин рӯзҳо дар қаламрави кишвар обуҳавои ноустувор ва боришоти зиёд дар назар аст, ки ба фаромадани селу ярч, сангфароӣ ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис шуда метавонад. Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо поинравии ҳарорат […]

ASIA-Plus



Обуҳавошиносон рӯзҳои 15-16 июн дар ҷумҳурӣ боронҳои кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва ҷоларо пешгӯӣ мекунанд.

Агентии гидрометеорологии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки ин рӯзҳо дар қаламрави кишвар обуҳавои ноустувор ва боришоти зиёд дар назар аст, ки ба фаромадани селу ярч, сангфароӣ ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис шуда метавонад.

Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо поинравии ҳарорат ба андозаи 5-7 дараҷа дар назар аст, яъне аз рӯзи чоршанбе гармии тоқатфарсо дар Тоҷикистон камтар мешавад.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар ноҳияҳои минтақаи ҷануби кишвар ҳарорати ҳаво рӯзона то 44 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо то 37-42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати ҳаво то 36-41 дараҷа гармӣ расида, дар пойтахт рӯзона ҳарорат то 41 дараҷа гарм мешавад.

Ба сокинону меҳмонони кишвар тавсия дода мешавад, ки дар ин давра мувофиқи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намуда, зимни анҷом додани корҳои кишоварзӣ ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳо ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.