Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба аксияи«Қурбонии шиканҷаро дастгирӣ намо! Беҷазоиро боз дор!» идома медиҳад, ки то 26-уми июн идома хоҳад ёфт.
Аз 15-уми июн сар карда, ҳар рӯз дар торнамои Эътилоф ва саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қиссаи як қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона пешкаш мешавад.
Ин дафъа қиссаи Сафаралӣ Сангов манзур мегардад.
Моҳи марти соли 2011 Сафаралӣ Сангов дар маркази миллии тиббии «Қарияи Боло» вафот кард. Ин воқеа чор рӯз баъд аз оне рух дод, ки ӯ ба он ҷо аз шуъбаи милитсия дар ҳолати беҳушӣ ва бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ интиқол ёфта буд.
«Ӯ метавонист гурезад ва худро аз ошёнаи дуюм партояд ва баъди он, ки ӯро боздоштаву ба утоқ оварданд, боз метавонист гурезад ва сараш ба девор занад, ки ҳамин сабаби зарари марговар гардид»,- эълон дошт прокурор. Моҳи июли соли 2012 парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду нафар корманди милитсия тариқи авф қатъ карда шуд.
«Акнун такягоҳамон нест. Тамоми вазнинии зиндагӣ, ки баъди марги шавҳарам ба дӯши ман афтод, дар муқоиса бо он чӣ, ки аз даст додам – бо такягоҳ ва қисматам, ҳеҷ аст»,- мегӯяд Сангова.





