Тоҷикистону Покистон ҳаҷми муомилоти молро то ба 500 млн. $ расониданианд

Нимаи дуюми рӯзи 23 июн дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 23 июн дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки муносибот дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай имкониятҳоро баҳри густариши ҳамкории судманд ва созандаи бисёрҷонибаю минтақавии давлатҳо афзуну фарохтар хоҳад гардонд.

Сарони давлатҳо инчунин ҷонибдории худро оид ба рушду тавсеаи робитаҳо дар  соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, ки то имрӯз ба таври матлуб ба роҳ монда шудааст, баён намуданд.

Масъалаи васеъ намудани доираи ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои муҳими энергетика ва нақлиёту транзит, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, баррасӣ гардида, оғози сохтмони лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи СASA-1000 дар ҳудуди Тоҷикистон дар таърихи муносибатҳои ҳамкорӣ руйдоди муҳим маънидод карда шуд.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки бо истифода аз зарфиятҳои бузурги мавҷуда имкон аст, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ солҳои наздик то ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонда шавад.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин масъалаҳои мубрами ҷомеа, муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.